Skip To Main Content

Пажуҳиш

Мазмуни Зарободӣ ва мероси адабии ӯ

Ш. Бобоев

Аз андешаҳои мунаққид чунин бармеояд, ки Мазмун дар эҷодиёти ғазал маҳорати баланди шоирӣ дошта? дар эҷодиёти худ анъанаи ғании ғазалнависони гузаштаро аз қабили Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Саноӣ, Аттор барин суханварони бузургро мавриди пайравӣ қарор додаст. Вожаи ишқ ва муродифҳои он дар ғазалиёти шоир бо тамоми тобишҳои маъноӣ ба ҷилва омадаанд.

Корбурди талмеҳ ва истиора дар ашъори Мазмуни Зарободӣ

Абдуллоева П. С.

Муллоюсуф Мазмуни Зарободӣ яке аз шоирони соҳибдевон ва закитабъи асри XVIII буда, девонаш пурра аз ғазалиёт иборат аст. Мавзуъҳои ғазалиёти ӯ иборат аз ишқу ошиқӣ, сӯзу гудози ошиқ, номеҳрубониҳои маҳбуба, афкори фалсафӣ, тасаввуфӣ, ирфонӣ, иҷтимоӣ ва ғайра мебошад. Мазмун ғазалро сода ва самимӣ мегӯяд, ки ин монанд аст ба рӯди софу поке, ки оғози дарёҳои азим ва пурталотуми шеъри форсии тоҷикӣ аст. Шоир дар ашъораш аз санъатҳои гуногуни бадеӣ фаровон истифода кардааст. Талмеҳ ва истиора дар шеъри Мазмуни Зарободӣ мавқеи муҳим доранд.