Корбурди талмеҳ ва истиора дар ашъори Мазмуни Зарободӣ
УДК: 891.550
Дар китоби «Санъати сухан»-и Турақул Зеҳнӣ омадааст, ки «талмеҳ ишорат кардан ба воқеаҳои таърихӣ, асотирӣ, қиссаву афсонаҳо ва ба ягон шеъри маъруфи яке аз саромадони сухан» мебошад [5, с.128].
Ҳусайнӣ, Атоулло Маҳмуд дар «Бадоеъ-ус-саноеъ» дар бораи санъати талмеҳ чунин навиштааст: «Ишорат кардан дар мазмуни калом ба қиссаи машҳур, ё шеъре нодири машҳур, ё масале машҳур» [11, с.84].
Дар Тоҷикистон доир ба истифодаи санъати талмеҳ дар осори адибони форсу тоҷик адабиётшиносон Сӯфиев Ш.З. [13, с.224]. , Шарипов Ш.Р. [19, с.52-63]., Джурахонова М. [3, с. 223], Марофиева С., Мирхайдарова Н.Х. [10, с.1217]., Хуҷова М. [15. с.154]. ва дар Эрон муҳаққиқон Чеҳрқонӣ Ризо, Қосимзода Саидалӣ, Зулқадр Маҳбуба [16, с.195], Кубро Раҳбари Ҷиранда [6, с.221] ва дигарон мақолоти илмӣ навиштаанд.
Мақсад аз таълифи мақолаи мазкур баррасии яке аз масоили мубрами адабӣ – тасвирофаринӣ ва мазмунсозии шоири асри XVIII ҳавзаи адабии Зарафшон - Муллоюсуф Мазмуни Зарободӣ тавассути ду санъати бадеӣ: талмеҳ ва истиора аст, ки бори аввал ба риштаи таҳқиқ кашида мешавад.
Мазмуни Зарободӣ яке аз шоирони ғазалсарои асри XVIII мебошад, ки то ҳол ношинохта боқӣ мондааст ва тибқи нақлу ривоятҳо соли 1744 -и мелодӣ дар деҳаи Заробод (имрӯз Зерободи ноҳияи Айнӣ) чашм ба олам кушода, то охири умр дар ҳамин ҷо зиста, ҳоло оромгоҳаш дар қабристони деҳа мавҷуд аст. Суханвари зарободӣ аз худ як девони ғазал боқӣ гузоштааст, ки он чанд нусха дошта, бо саъю кӯшиш ва эҳтимоми Алии Муҳаммадии Хуросонӣ соли 2002 дар нашриёти «Сурушан» «Гузидаи ғазалиёт»-и шоир ба нашр расидааст.
Тавре аз мутолиаи девони шоир аён мегардад, мавзуъҳои ғазалиёти ӯ иборат аз ишқу ошиқӣ, сӯзу гудози ошиқ, номеҳрубониҳои маҳбуба, афкори фалсафӣ, тасаввуфӣ, ирфонӣ, иҷтимоӣ ва ғайра мебошанд.
Мазмун ғазалро сода ва самимӣ мегӯяд, ки ин монанд аст ба рӯди софу поке, ки оғози дарёҳои азим ва пурталотуми шеъри форсии тоҷикӣ аст.
Мазмуни Зарободӣ ба шоирони мутасаввиф пайравӣ мекардааст. Дар ҳақиқат ҳам, бештари ғазалҳои суханвар, хусусан, ғазалҳое, ки мазмуни фалсафӣ, тасаввуфӣ ё ин ки ирфонӣ доранд, бо риоя намудани ин услуб ва бо истифода намудан аз истилоҳот ва ибороти он гуфта шудаанд.
Барои ифодаи мавзуоти зикршуда шоир дар ашъораш аз санъати талмеҳ ва истиора фаровон истифода намуда, ӯ дар аксари ғазалҳо ишора ба қиссаҳои қуръонӣ, ривоятҳои таърихӣ ва ашхоси таърихию асотирӣ намудааст.
Талмеҳ ва истиора дар шеъри Мазмуни Зарободӣ мавқеи муҳим дошта, тавре аз баррасии ғазалиёташ возеҳ мегардад, шоир дар истифодаи ин ду навъи санъати бадеӣ маҳорати комил дошта, ба ин восита таъсири сухани ӯ зиёд ва аҳдофи муаллиф нишонрас баён шудаанд.
Ба пиндори адабиётшиноси тоҷик Шарипов Ш.Р. ва муҳаққиқони эронӣ Чеҳрқонӣ Ризо, Қосимзода Саидалӣ, Зулқадр Маҳбуба талмеҳро метавон ба гурӯҳҳои зайл тақсим кард:
- Талмеҳ аз ашхоси асотирии мардуми форсу тоҷик
- Талмеҳ аз қаҳрамонони асарҳои адабӣ
- Талмеҳ аз истифодаи афсонаву ривоятҳои динӣ
- Талмеҳ аз рӯйдодҳо ва ашхоси таърихӣ
- Талмеҳ аз воқеаҳои фарҳангӣ, номҳои ҷуғрофӣ
Агар аз ҳамин дид ба масъалаи корбурди талмеҳ дар ашъори Мазмуни Зарободӣ таваҷҷуҳ намоем, метавон талмеҳоти ғазалиёти шоирро ба чор гуруҳи зерин дастабандӣ намуд:
- Талмеҳ аз қаҳрамонони асарҳои адабӣ: Лайлӣ, Маҷнун, Ширин, Фарҳод, Кӯҳкан, Зулайхо, Юсуф.
- Талмеҳи динӣ: сураи «Бақара», аспи Буроқ, Мансури Ҳаллоҷ, Исми Аъзам, Исрофил, кӯҳи Тӯр, Мӯсо, ҳавзи Кавсар, Саййиди Мухтор, Довуду Мӯсову Сулаймону Юсуф, Хизр, яди байзо, Аюб, Салсабил, Каъба, Саййиди Аброр.
- Талмеҳи ашхоси таърихӣ: Маҳмуди Ғазнавӣ, Сикандар, Аёз.
- Талмеҳ аз воқеаҳои фарҳангӣ, номҳои ҷуғрофӣ: Ҷайҳун, Ховар
Нӯшҳо карда лабат аз ҷӯйбори Салсабил,
Дар даҳони нозукат оби бақо мебинамат [4, с. 32].
Дарди ишқат, ки ниҳон буд даруни дил,
З-он ҷудо монда маро ашки равон Ҷайҳун аст [4, с. 33].
Мазмун, ту аҳад, ба Каъба ҷон боз,
Дон, расми сулуки ишқ ин аст [4, с.43].
Хуш он, ҷоно, намояд он шукӯҳи Ховари ҳуснаш,
Ба рӯям таънбозиҳо зи рӯйи Офтоб ояд [4, с.75].
Аз корбурди талмеҳот дар ғазалиёти шоир маълум мешавад, ки ӯ давовини шоирони Моваруннаҳру Хуросонро хуб омӯхта, аз қиссаву ривоятҳои зиёде бохабар будааст.
Шоир ҳангоми истифодаи санъати талмеҳ бештар ба қиссаҳои паямбарон Довуду Мӯсову Сулаймону Юсуф (а) ва ашхоси машҳури қиссаю достонҳо ба мисли Лайлӣ, Маҷнун, Ширин, Фарҳод, Кӯҳкан, Зулайхо, Юсуф Довуду Мӯсову Сулаймону Юсуф, Хизр, Мансури Ҳаллоҷ, Маҳмуди Ғазнавӣ, Сикандар ва Аёз ишораҳо намудааст. Чунончи,
Шуд банда ба тарзи нигаҳи масти ту Мазмун,
Бо сад чу Сулаймон назарат бар кафи мӯр аст [4, с. 34].
Нигар, ай нозанин, бо мустамандон гӯшаи чашме,
Фикан ҳамчун Сулаймон як нигоҳе ҷониби мӯрат [4, с.36].
Доруи дидаи аъмо чи тавонӣ кардан,
Чун Сулаймон назаре кай ба мани мӯр кунад [4, с.106]
Лек Мазмун барам уммед чу Мӯсои Калим,
Зи таҷаллии ҷанобат бирасад бар мани ур [4, с. 100].
Ҷонро ба роҳи ишқ чу Мансур бохтам,
Бо чӯби дор бонги «аналҳақ» зи сар гузашт [4, с. 39].
Омад аз зарби «аналҳақ» гуфтанам шаҳре ба шӯр,
Аз «аналҳақ» гуфтани худ мезанам бар дор чарх [4, с.48].
Гардиши даврон ба сар афтода чун чархи фалак,
Ҳамчу Хизре мезанам гирди ҷаҳон бисёр чарх [4, с. 48].
Дар аксари абёти шоир ба қиссаи Лайлӣ ва Маҷнун, бахусус, азобу машаққати Маҷнун ишора рафтааст:
Куҷо бошад, ки сӯи мо гузори шаҳсавор афтад,
Чу Маҷнун дар биёбоне, ки дастам дар миҳор афтад [4, с. 53].
Девонаи шайдо шуда аз ишқи ту Лайлӣ,
Сангиндили бераҳм, зи Маҷнун накунӣ ёд [4, с. 76].
Ки Мазмун аз ҷаҳон вораст, ӯ девонаю Маҷнун,
Ба савдои рухи Лайлӣ куҷо маснаднишин гардад [4, с. 89]
Оҳ, аз нигаҳи шӯхи ту –ошиқкуши бедод,
Ҷон дода ба ёди лаби ширини ту Фарҳод.
Чӣ шавад ҷилвакунон ойӣ ту, эй сарви равон,
Маҳви ҳусни рухи Ширини ту Фарҳод шавад[4, с.87].
Чунон Фарҳоди Ширин гаштам аз савдои ишқи ӯ,
Бирафта ақлу ҳушу теша бар худ Кӯҳкан мезад [4, с. 94].
Мазмуни Зарободӣ ҳангоми истифодаи санъати талмеҳ инчунин ба қиссаи Юсуф (а) ишораҳои зиёд намудааст:
Зулайхо як шаб аз беилтифотиҳои ӯ гуфтӣ,
Ки ишқи ман ба ҷони Юсуфи гулпераҳан мезад [4, с.94].
Дар байти зерин ҳам санъати талмеҳ ва ҳам шигарди адабии барҷастасозӣ ба кор рафтааст:
Агар Юсуф чу дар ойина бинад ҳусни рӯяшро
Шавад ҳайрон, нахоҳад сар бурун кард аз гиребонаш [4, с.132].
Аз он зулфи сумансо чанд бӯйи атр меояд,
Ки аз ҳар тори мӯяш нофаи мушки Хито резад [4, с.79].
Бимондам дур аз он маҳ, тоқати ҳиҷрон чӣ сон дорам,
Пайи таскини Мазмун сабри Айюбӣ Худо резад [4, с.79]
Дар байти зерини ғазал, ки саросар ишқи ирфонист, ишора ба сураи «Бақара» рафтааст, аммо дар шакли сураи «Бақар» овардани сураи «Бақара», агарчи ба хотири вазни арӯзӣ бошад ҳам, чандон мувофиқ наафтодааст:
Мазмун банда гӯйӣ, илоҳӣ, ба фазли хеш,
Бо ҳурмати каломи ту як сураи «Бақар».
Аз ҷумла, дар байти зерини яке аз ғазалҳо ҳангоми тасвири таҷаллии рухсори маъшуқа ба кӯҳи Тӯр ишора кардааст:
Он вақт, ки рухсор ба ушшоқ намоӣ,
Гӯё ба назар барқи таҷаллӣ кӯҳи Тур аст[4, с.34].
Аз шахсиятҳои таърихӣ Искандари Мақдунӣ талмеҳ сохтааст:
Дил ба савдои хаёлаш рафта аз худ меравад,
Пеши ӯ ойинаи рӯяш Сикандар доштам [4, с.199].
Басомади талмеҳоти ғазалиёти Мазмуни Зарободӣ дар ҷадвали зер чунин омадааст:
№б/т | Вожа | Басомад |
---|---|---|
Ховар | 1 | |
Кӯҳи Тӯр | 1 | |
Довуд | 1 | |
Аюб | 1 | |
Саййиди Аброр | 1 | |
Сураи «Бақара» | 2 | |
Ҷайҳун | 2 | |
Маҳмуди Ғазнавӣ | 2 | |
Исрофил | 2 | |
Саййиди Мухтор | 2 | |
Ҳавзи Кавсар | 2 | |
Сулаймон | 2 | |
Яди байзо | 2 | |
Салсабил | 2 | |
Аспи Буроқ | 3 | |
Аёз | 3 | |
Исми Аъзам | 3 | |
Мӯсо | 3 | |
Хизр | 3 | |
Каъба | 3 | |
Мансури Ҳаллоҷ | 4 | |
Сикандар | 4 | |
Ширин | 5 | |
Маҷнун | 5 | |
Лайлӣ | 5 | |
Юсуф | 7 | |
Зулайхо | 8 | |
Фарҳод, Кӯҳкан | 8 |
Дар «Санъатҳои бадеӣ дар шеъри тоҷикӣ»-и Турақул Зеҳнӣ дар бораи истиора омадааст, ки «истиора дар луғат ба маънои ба орият гирифтани чизе меояд, вале дар адабиёт як намуди маҷоз буда, ба ҷойи як калимаи дигар истифода шудани калимае мебошад» [5. С. 128].
Дар Тоҷикистон доир ба истифодаи санъати истиора дар осори адибони форсу тоҷик адабиётшиносон Сӯфиев Ш.З. [13, с.224]., Шарипов Ш.Р. [19, с. 52]., Тоҷибоев Ш., Раҳматов Б.А. [12. С. 35], Низомова Г.С. ва дар Эрон муҳаққиқон Муҳаммадризо Акрамӣ [1, с. 75]., Баҳром Миқдодӣ [9, с. 138] ва дигарон мақолоти илмӣ навиштаанд.
Турақул Зеҳнӣ аз корбурди фаровони истиораи равшан ва пӯшида дар адабиёт сухан гуфтааст [5, с.129].
Дар ғазалиёти Мазмуни Зарободӣ ин ҳар ду навъи истиора басомад доранд. Чунончи, дар абёти зерини Мазмун истиораҳои моҳи нав, ҳилол, маҳи рӯй ба чашм мерасанд:
Ёд меояд ҳилолеро бубинам дар фалак,
Моҳи нав дар осмон монанди абрӯйи шумо.
Аз шукуҳи хирмани ҳусни туам шаб рӯз буд,
Оламеро карда бас рушан маҳи рӯйи шумо.
Андалеби маст, Мазмун, буд дар шӯру наво,
Шуд гирифторе чу булбул бо гули рӯйи шумо [4, с.20].
Дар абёти боло дар таркиби «хирмани ҳусн» шоир истиораи пӯшида офарида, тавассути таркибҳои «гули рӯй, «маҳи рӯй», «моҳи нав» истиораи равшан сохтааст.
Дар абёти зерин низ истиораи равшан ба чашм мерасад:
Гоҳ дар шаб менамоӣ рӯйи моҳи хешро,
Лек рушан мекунад тарзи нумуят Офтоб.
Гарчи аз машриқ ба мағриб дидани ҳусни рухат
Меравад Маҳ, лек мемонад ба рӯят Офтоб [4, с.30].
Дар ғазалиёти шоир боз метавон бо истиораҳои пӯшидаи «хуршеди ҳусн, «шамъи рухсор», «доғи ҳиҷрон», «нахди қад», «шамъи ҷамол», «корвони умр», «ашки ҳасрат», «хирмани ҳусн», «муҳри хомӯшӣ», «шуъла задани ҳусни хуршеди рух», «қитъаҳои чашм», «чароғи ҳусн», «оташи ишқ», «синони новак», «хонаи дили зулмат», «риштаи меҳру вафо», «тори умр» ва садҳои дигар мувоҷеҳ гашт, ки дар як радиф, онҳо тасвирҳои мутаноқизро ба ёд оварда, аз ҷониби дигар, дар адабиёти тоҷик бисёр корбурд доранд:
Хурам, Мазмун, афсус, доғи ҳиҷрон карду рафт охир,
Рабуд аз дидаи ман қадди сарви эътидолашро [4, с.22].
Ашки ҳасрат аз фироқаш меравад бар рӯйи ман,
Ӯ нагӯяд: - Бинам он сарчашмаи намнокро [4, с.24].
Хаданги ғам задаӣ, кардаӣ дилам маҷруҳ,
Шикофи синаи ман гуфтаӣ: Нишони ман аст [4, с.31].
Васл меҷустам, дареғо, бахти бад ёрӣ накард,
Офтоби ҳуснро аз дида пинҳон карду рафт [4, с.35].
Лаззати шуълаи ҳусни ту чӣ донанд дигарон,
Рӯ ба рӯ дар назари оина рухсори ту нест [4, с.37].
Чароғи ҳусни туро шаб, ки дар назар дорам,
Ба хонаи дили зулмат сафои дигар нест [4, с.41].
Аз ту натвонам буридан риштаи меҳру вафо,
То ба вақти тори умрамро аҷал афканданат [4, с.42].
Ба пиндори адабиётшинос Ш.Шарипов «дар ғазалиёти Зуҳурии Туршезӣ вожаи «доғ» мазмунсозтарин моддаи шеъри Зуҳурӣ аст, ки дар девони ғазалиёти шоир беш аз 574 маротиба корбаст шуда, бо он ки дар истифодаи ин калима такрори сувари хаёл дар шеъри Зуҳурӣ ба чашм мерасад» [17, с.74-82]. Аз ҷумла, дар ғазалиёти Зуҳурии Туршезӣ таркиби «доғи фироқ» ба чашм мерасад, ки муодули «доғи ҳиҷрон» дар ғазалиёти Мазмун ба кор рафтааст:
Дида ҳар гоҳ ҷигари доғи фироқи ту ба хоб,
Шуъла дар дафтари таъбир зи тақрир гирифт [14, с.56].
Дар ғазалиёти Мазмун омадааст:
Хурам, Мазмун, афсус, доғи ҳиҷрон карду рафт охир,
Рабуд аз дидаи ман қадди сарви эътидолашро [4, с.22].
Таркибҳои «ашки ҳасрат», «шуълаи ҳусн», «тори умр» ва ғайраҳо, ки дар ғазалиёти Мазмун тасвир сохтаанд, дар ашъори шоирони пеш аз шоир умрбасарбурда, аз ҷумла Зуҳурии Туршезӣ ба чашм мерасанд ва ҳатто дар ғазалиёти Зуҳурии Туршезӣ бамавқеътар ва зеботар истифода шудаанд:
Завқҳо дорам зи мавҷи ашки ҳасрат ҳар даме,
К-орзу дар шӯразори сина камтар медамад [14, с.343].
Таҷаллӣ кард бар Тури тамошо шуълаи ҳусне,
Ки зикри партаваш дар қиссаи Айман намегунҷад [14, с.367].
Кунад ангуштпечи рашк тори умрро кӯтаҳ,
Хами зулфи дарозашро агар гоҳе шикан бӯсад. [14, с.202].
Агар аз лиҳози сохт ба истиораҳои ғазалиёти Мазмун дида андӯзем, навъҳои зерини истиора чашмгир аст:
- Истиораҳои исмӣ.
То гирифтори рухи он гулъузорам кардаанд,
Меҳри ӯро бар дили решу фигорам кардаанд [4, с.98].
- Истиораҳои исмию сифатӣ.
Гар ба ногаҳ аз ниқобаш сарви ноз ояд бурун,
Офтоби ҳусни рӯяш он замонам мекушад [4, с.106].
- Истиораи сифатӣ.
Тири мижгонро ба ҷон зад, бегумонам мекушад,
Новаки хунрези он абрӯкамонам мекушад [4, с.106].
- Истиораи феълӣ.
Гар сарви равон ҷилвакунон дар назар ояд,
Ман банда бар он тарзи хироманда нигоҳат [4, с.40].
Хулоса, тавре ки мебинем, санъати талмеҳ дар шеъри Мазмуни Зарободӣ васеъ ба кор рафта, шоир зимни ишора ба қисса ва шахсиятҳои таърихӣ ва динӣ ба таври муъҷаз ибрати рӯзгори гузаштагонро гӯшзад мекунад. Мазмунсозӣ ва тасвирофаринии зиёд тавассути талмеҳоти динӣ гувоҳи он аст, ки шоир эътиқодоти зиёди мазҳабӣ дошта, дар ифодаи матлаб аз онҳо як навъ ҳамоҳангии эътиқодии худро таҷассум намудааст.
Аз талмеҳоти асотирӣ истифода накардааст. Шояд ба он хотир бошад, ки талмеҳоти асотирӣ дар адабиёти тоҷик ниҳоят зиёд корбаст шуда, то ҷое «обшуста» гардидаанд ва аз тарафи дигар, шояд муҳити рӯзгори шоир ҳаминро тақозо менамуд.
Дар ғазалиёти шоир ҳам истиораи равшан ва ҳам пӯшида басомад дошта, аз лиҳози сохт истиораҳои исмию сифатӣ ва феълӣ дар ашъори шоир корбурд дошта, бештар Мазмун тавассути истиораҳои исмӣ тасвир офаридааст.
Мазмуни Зарободӣ дар корбурди истиораҳои пӯшида чандон муваффақ нашудааст. Зеро истиораҳои пӯшидаи корбурди ӯ дар ашъори шуарои пешин низ ба чашм расида, як навъ истиораҳои такрорро ба назар меоранд.
Адабиёт:
- Акрамӣ, Муҳаммадризо. Истиораҳои таъвилӣ дар ғазали Бедили Деҳлавӣ. / Муҳаммадризо Акрамӣ Китобмоҳи «Адабиёт». Шумораи 19, паёпайи 133. Обони 1387.- С.75.
- Алимзода Ҳ. Шоире аз рустои Заробод.http://omuzgor-gazeta.tj/blog-detail.php?id=3569. / Ҳ.Алимзода. Санаи муроҷиат: 25.09.2021
- Джурахонова М. Роль поэтической фигуры талмех в «Василат-ун-наджот» Мухамммадхусайна Ходжи // Вестник ТНУ. №7. 2018.- С.223-227.
- Зарободӣ, Мазмун. Гузидаи ғазалиёт. Бо таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва тавзеҳоти Алии Муҳаммади Хуросонӣ. / Мазмун Зарободӣ - Душанбе: Сурушан, 2002 – 273 С.
- Зеҳнӣ, Турақул. Санъати сухан. – Душанбе: Адиб, 2007., С. -128-131.
- Кубро Раҳбари Ҷиранда. Сайре дар шинохти талмеҳ. Паёми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. – №1. – С.221.
- Кубро Раҳбари Ҷиранда. Талмеҳ дар адабиёти форсӣ/ Кубро Раҳбари Ҷиранда // Паёми Донишгоҳи миллӣ. -2005.-№1.-С.224.
- Марофиева С. Корбасти санъати талмеҳ дар ашъори Мирабдуллоҳи Файёз// ДДҲБСТ. №2. 2014.- С.221
- Миқдодӣ, Баҳром. Фарҳанги истилоҳоти нақди адабӣ. Чопи аввал./ Баҳром Миқдодӣ -Теҳрон: Интишороти фикри рӯз, 1378.-С.138.
- Мирхайдарова Н.Х. Аллюзия в поэзии А.С. Пушкина/ Н.Х. Мирхайдарова.- Текст: непосредственный // Молодой ученый.- 2014.-№4 (63). - С. 1217-1220.
- Ҳусайнӣ, Атоулло Маҳмуд. Бадоеъ-ус-саноеъ. / Ҳусайнӣ, Атоулло Маҳмуд-Душанбе: Ирфон, 1974.-С.84.
- Раҳматов Б.А. дар «Зуҳурии Туршезӣ ва анъанаҳои соқиномасароӣ дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ (асрҳои XVII-XVIII) ». / Б.А.Раҳматов – Хуҷанд: Ношир, 2021. – С.35.
- Суфиев Шодимуҳаммад Зикриёевич. Саки-наме в системе персидско-таджикской литературы XVI-XVII веков. / Зикриёевич Шодимуҳаммад Суфиев – Душанбе: Дониш, 2011. – 224 с.
- Туршезӣ, Зуҳурӣ. Девони ғазалиёт. Бо таҳқиқ ва тасҳеҳи дуктур Асғари Бобосолор/ Зуҳурии Туршезӣ. / Зуҳурӣ Туршезӣ – Теҳрон: Китобхона, музей ва маркази асноди маҷлиси Шурои исломӣ, 1390. – С.56
- Хуҷова М. Санъати «талмеҳ» дар ашъори Сӯзании Самарқандӣ// Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. №1(245). 2017.-С.154-160.
- Чеҳрқонӣ Ризо, Қосимзода Саидалӣ, Зулқадр Маҳбуба. Таҳлили биноматнии талмеҳот дар шеъри Муҳаммадкозими Козимӣ// Ковишномаи забон ва адабиёти форсӣ. №41. 1398.- С. 195-212.
- Шарипов Ш.Р. Доғ – мазмунсозтарин унсури шеъри Зуҳурии Туршезӣ//Маҷ.Ахбори ДДҲБСТ. -Хуҷанд, № 2(87). - С.74-82.
- Шарипов Ш.Р. Корбурди истиора дар ғазалиёти Зуҳурӣ//Маҷ.Паёми Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ.-Душанбе, 2020. - № 5(88). - С.139-143.
- Шарипов Ш.Р. Сохторшикании Зуҳурии Туршезӣ дар талмеҳ//Маҷ.Ахбори ДДҲБСТ. - Хуҷанд, 2021. - № 4(89). - С.52-63.