Мазмуни Зарободӣ ва мероси адабии ӯ
Алии Муҳаммадии Хуросонӣ аз зумраи он мунаққидони чирадасти тоҷик мебошад, ки дар адабиётшиносии тоҷик осори даҳҳо шоирони гумноми тоҷикро пайдо намудааст. Хонандаи тоҷик имконият пайдо намуд, ки бори аввал ба осори гаронбаҳои як зумра шоирони гумноме, ки мутаассифона, дар ягон сарчашмаҳои то имрӯз расида зикр наёфтаанд, ошноӣ пайдо намояд. Фароҳам овардани ахбору маълумот роҷеъ ба шоирони гумном ниҳоят кори хайрест, ки бад-ин васила мардум метавонанд аз офаридаҳои таърихиву маънавии, ирфониву мазҳаби хеш ошноӣ пайдо намоянд. Доир ба зиндагиву рӯзгор ва осори орифони хеш бархӯрдор бошанд. Ба воситаи омӯзиши осории хаттӣ осори адабии чанд тан аз шоирони саргаҳи Зарафшон маълум гардида истодааст, ки онҳо бо эҷодиёти худ тавонистаанд дар асрҳои ХVIII, Х1Х ва ибтидои асри ХХ мавқеи сазовор пайдо намоянд. Мазмуни Зарободӣ аз зумраи он шоироне буд, ки маҳз бо кӯшиш ва заҳмати мунаққиди шинохта Алии Муҳаммадии Хуросонӣ умри дубора пайдо намуд. Алии Муҳаммадии Хуросонӣ баъди шунидани номи шоир ба деҳаи Зарободи ноҳияи Айнӣ сафар намуда, нусхаи девони Мазмунро пайдо намуд. Баъди мутолиаи девон муаллиф андешаи худро бо чанд сатри пур аз меҳру муҳаббат нисбати шоири рангинхаёл Мазмуни Зарободӣ бо номи «Сатрҳои муҳаббат» дар пешгуфтори китоб баён намудааст. Муаллиф дар ин «Сатрҳои муҳаббат» доир ба шеъри шоир ва ҳусни баёни ӯ андешаҳои ҷолиберо перомуни осори Мазмун чунин баён намудааст: «Дар ғазали Мазмун шӯри дарёҳои азим эҳсос карда нашавад ҳам, он оғози рӯдҳост, ки бо забони равону шево рӯи қоғаз омадааст.
Шоир ғазалро содаву самимӣ мегӯяд. Дар ғазалиёти ӯ ҳаёти иҷтимоъии дур аз маркази замонаш бо тамоми ҳастӣ аксандоз аст». Гузидаи ғазалиёти Мазмун оғози рӯдҳост, мо таманнои он дорем, ки боз бо кӯшишу заҳмати ин гавҳаршинос девони дигар шоирони гумноми тоҷик пайдо хоҳад гашт. Аз забони Мазмуни ошиқ чунин гуфтаниям.
Муждае бар ошиқон ояд, ки ёр ояд бурун,
Шӯху зеботалъату маҳваш нигор ояд бурун.
Баҳри истиқболи побӯсидани он дилрабо,
Ошиқи муштоқ чашми ашкбор ояд бурун.
Мувофиқи маълумотҳои ба мо расида ва аз нақлу ривоятҳои ҳамдеҳагони шоир Мазмуни Зарободӣ соли 1744-и мелодӣ дар деҳаи Зарободи ноҳияи Айнӣ дар хонадони Пирмуҳаммад ном шахсе ба дунё омадаст. Аз рӯи нақли мӯйсафедони деҳа маълум мегардад, ки гузаштагони Мазмун аслан аз водии Фарғона буда, аз дасти ҷабри зулми ҳокимони яғмогар ва аз нобасомонии рӯзгор ба Фалғар фирор карда деҳаи Зарободи кунуниро манзили зист ихтиёр намудаанд. Мазмун дар як ғазали худ доир ба зодгоҳи худ таваҷҷуҳ зоҳир намуда байти зеринро гуфтааст:
Ошиқи рӯи ту Мазмуни Зарободӣ шуда,
Нигаҳат кош ба Мазмуни Заробод шавад.
Аз нақли мӯйсафедони деҳа бармеояд, ки падари Мазмун ҳунари муҳандиси обрасонро доштааст. Мардуми деҳа аз ин ҳунари ӯ воқиф гардида бо роҳбарии вай деҳаҳои зиёди водии Зарафшонро обшор сохтаанд. Чи тавре ки мураттиби китоби шоир Алии Муҳаммадии Хуросонӣ зикр менамояд. «Рӯзгори сипаришудаи Мазмуни Зарободӣ дар ҳеҷ варақе сабт наёфтааст ва айни ҳол равиши зиндагии ӯро бо тамоми паҳлуҳояш барқарор намудан муҳол аст». Ҳангоми ошноӣ бо девони Мазмун дарк намудем, ки дар ҳақиқат мунаққиди шинохта Алии Муҳаммадии Хуросонӣ заҳмати зиёд кашида номи шоирро зинда намудааст. Давраи кӯдакӣ ва наврасии шоир дар зодгоҳаш гузашта саводи ибтидоиро дар он ҷо мегирад. Сипас ба шаҳрҳои Самарқанду Ќӯқанд барои таҳсили илм меравад. Баъди хатми таҳсили мадраса ба зодгоҳаш баргашта то охири умр ба касби деҳқонӣ машғул мешавад. Мазмун бисёр шахси ботамкин, маърифатпарвару илмдӯст буда, бо рафтори наҷибаш ба мири Мастчоҳ писанд меафтад. Мири Мастчоҳ Муллонадирбоқӣ нисбат ба Мазмун таваҷҷуҳи зиёд дошта ӯро домоди худ мегардонад. Мазмун соҳиби чор писар гардида, ба онхо Боронбой, Муллоашӯр, Муллозокир ва Муллоисмоил ном мегузорад. ки наслҳои минбаъдаи онҳо имрӯз дар деҳаи Заробод зиндагонӣ доранд. Мазмуни Зарободӣ соли 1815 олами фониро падруд гуфтааст. Марқади Мазмуни Зарободӣ дар қабристони умумии деҳа барҷост ва ихлосмандони зиёде дорад. Аз маҷмӯаи интишоршудаи Мазмун маълум гардид, ки бештари эҷодиёти ӯро ғазал ташкил медиҳад. Аз девони ғазалиёти ӯ маълум мегардад, ки ӯ маҳорати баланди ғазал гуфтанро дорад. Ашъори Мазмунро асосан мавзӯъҳои ишқӣ ‟ лирикӣ, ҳасби ҳолӣ, шикоят аз замон ва аҳли он, тасвири табиат ва дар дохили онҳо баъзе масъалаҳои дигарро дар бар мегирад. Мавзӯи ишқ дар ашъори шоир ҷои намоёнро ишғол мекунад.
Мазмун дар ғазалиёти худ ба устоди бузурги назм Ҳофиз эътиқоди баланде дошт ва ҳамеша ба он пайравӣ мекард. Ин пайравии ӯ ҳам дар бисёр ғазалҳое, ки дар татаббӯи ашъори Ҳофизу Ҳилолӣ иншо шудааст ва ҳам дар рӯҳи мазмуни шеърҳои ғайри татаббӯъ навиштаи ӯ маълум шуда меистад. Дар ғазали зерин, шоир, аҳволи вазнини замони худро, ки аз беадолатии ҳокимон, иборат буд аз нобасомониҳои фалаки каҷрафтор медонад, хеле хуб тасвир намудааст. Дар ин ғазал суханҳои пуртаъсир ва ҳаячонбахш ифода шудааст. Ғазали зерини Мазмун, ки дар пайравии ғазали Ҳофиз гуфта шудааст аз нигохи муҳтаво ғазали ошиконаву орифона буда, аз истеъдоди баланд доштани Мазмун дарак медиҳад.
Хоҷа Ҳофиз ғазале ба ин матлаъ дорад:
Дар азал партави ҳуснат зи таҷаллӣ дам зад,
Ишқ пайдо шуду оташ ба ҳама олам зад.
Мазмуни Зарободӣ ғазале дорад, ки чунин аст:
Субҳдам боди сабо бо гули рӯяш дам зад,
Туррааш карда парешон, ки ба ҳам дарҳам зад.
Бод бо ҳар тараф он кокули мушкин бурда,
Халқа-халқа ба рухаш гаштаву ҳам дарҳам зад.
Дил гирифтор ба он турраи сунбулмӯе,
Оҳ, бӯяш ба машоми мани маҳзун кам зад.
Ба умеди нигаҳаш умр ба сон барқ гузашт.
Чӣ шуд он аҳдшикан аҳду вафо барҳам зад.
Ҷон ба андӯҳи фироқаш зи ҷудоӣ месӯхт.
Рафт аз кӯҳ фараҳу сина ба кӯҳи ғам зад,
Оқибат кард фалак он чӣ ба ҷон дар дил дошт,
Бар дилам тири ҷафо захм, ки бе марҳам зад.
Аз гирифтории ӯ дил нашикебам, Мазмун,
Ёди ӯ мекунаму гаҳ натавонам дам зад.
Ин ғазал на танҳо бисёр дардомезона гуфта шудааст, балки аз ҷиҳати услуби баён халқӣ мебошад, ки далели он доираи тафаккуру дараҷаи муҳокимаи бадеии ӯст. Мазмун шахси инсондӯсту фуқаропарвар буд ва шоири ягон дарбору побанди ҳукмроне нагаштааст. Аз ин ҷост, ки Мазмун сабаби дарду ғам ва нокомиҳои худро на танҳо аз нозу истиғнои маҳбуба, балки асосан аз бедодиҳои «чархи каҷрафтор», яъне абнои беадолатии замона медонад Мазмун ҳамчун шоири барҷастаи инсондӯсти замонаш дар мавзӯи тасвиру ситоиши ишқу ошиқӣ бо калимаву таркибу ибораҳои содаву оммафаҳми ишқи ирфониро таҷассум намудааст.
Лирикаи Мазмун аз нуқтаи назари тасвири санъатҳои бадеӣ, равониву нозукӣ ва латофати сухан ба лирикаи Ҳаким Саноӣ, Шайх Фаридуддуни Аттор бисёр наздик аст. Чи тавре ки аз ғазалҳои Мазмун маълум мегардад, ӯ як давраи осоиштаеро дар деҳа гузаронида, танҳо бо меҳнати ҳалоли деҳқонӣ рӯзгори худро ба сомон бурдааст.
Дар лирикаи Мазмун тасвири ишқу муҳаббат, манзараҳои дилкаши табиату майгусорӣ ва ин навъ мазмунҳои оптимистӣ мақоми алоҳида доранд. Масалан, дар байти зерин Мазмун ин ақидаи оптимистиашро чунин тасвир намудааст:
Гузашта умр ба ғафлат, нашуд ба огаҳӣ,
Абас ба саъйи хато сарф шуд зи гумроҳӣ,
Ба фикру суду зиён умр ройгон рафта,
Зи дида ашки надомат насохтам роҳӣ.
Ҷолиби диққат аст, ки ин мазмунҳо дар тағаззулу ғазалҳо бо эҳсосоти ниҳоят гарм, ҳисси самими инсонӣ, дили моломоли пур аз меҳру вафо ва бо як рӯҳи озоду меҳрпарвару зиндадилии хеле табиӣ инъикос гардидаанд.
Тағаззулоти шоир табиати махсус ва як нафаси гарму ҳаётбахш парвардаанд ва бо воқеияти табиати ҷовид ва оҳанги дили инсони соҳибдилу соҳибишқро ситоиш намудааст:
Бар дилам ғайр аз ҷамоли рӯи ҷонон нест чиз,
Ғайри савдои висолаш шуғли дунё нест чиз.
Меҳри ӯ то роҳи дунё рахна дар дин кардааст,
Ишқи шӯрангези ӯ бар коми ҷони ман лазиз.
Аз табибон, дарди бемарҳам, ки бар ҷони ман аст.
Суд бар ман кай кунад аз ғайри лутфат эй азиз,
Мазмун аз қайди тааллуқҳои олам дур бош.
Гу аҳад рӯзу шабон гар оқиливу ботамиз.
Аммо чунин панду насиҳатҳо ба дили он золимону сангиндилу тавонгарони мумсик асар надоштанд. Аз ин ҷост ки дар ин лаҳзаҳо шахси шоир ба олами яъсу ноумедиҳо меафтад. Бо вучуди ин вай дар муқобили тарзи зиндагии ҳамаи он «хушдилон»-и табақаи боло ва комронии айшу нӯш аҳволи ғамангези табақаи поини мамлакатро ба ин тарз изҳор менамояд.
Лаззат наёфтам ман аз ин умру зиндагӣ,
Ҳоли муҳолу зиндагиву рӯзгор талх,
Гул кардааст ҳасрати Мазмун дар ин чаман,
Доғи дилаш шукуфта ба сон лолазор талх.
Ногуфта намонад, ки Мазмун бевосита ба Ҳофиз тақлид намуда бошад ҳам хеле нозукона таъсир гирифтааст. Он ширинӣ, лаззатбахшӣ самимияту ҳиссиётангезӣ ва ҳусну ҷилои мафтункунандае, ки ғазалҳои ӯ доранд, эҳтимол қисман аз таъсири ғазалҳои Ҳофиз, ки дар ин бобатҳо ғазалҳояш намунаи ибрат буданд пайдо гаштаанд.
Мазмун тароват ва самимияти баланди ғазалҳои Ҳофизро аёну ноаён бо малоҳати ғазалҳои худ омезиш дода тавонистааст ва аз он ки худ дар ғазал эҳсосоти тоза ва хаёли шоиронаи малоҳатангез дароварда, ба дилангезию дилнавози ҳусни таровати ҷудогона ва гармию поки онҳо диққат додааст, ғазалҳояш беихтиёр ва ҳақиқатан хеле зебою тоза, самимӣ ва муассиркунанда гардиданд. Аз ҳамин сабаб дар ғазалхои Мазмун сӯзу дарду доғ, нокомиву нобаробарӣ, ранҷу азоб нисбат ба ашъори шоирони гузашта, ки ин мавзӯъ дар эҷодиёти онҳо хеле доманадор буд, кам мушоҳида карда мешавад. Яке аз хусусиятҳои ғазалиёти Мазмун дар он аст, ки ӯ дар байтҳои ҷудогона ба образу таркибҳои зеҳнию мантиқӣ ва қисман аз таиба дур диққат додааст.
Ҳамин нуқтаро ба назар гирифта мунаққид Алии Муҳаммади Хуросонӣ доир ба ғазалиёти шоир чунин ибрози андеша намудааст. «Мавҳуми ишқро Мазмун аз нигоҳи мутасаввифони гузашта маънидод мекунад. Ба андешаи ӯ ошиқи ҳақиқӣ ва ҷоннисор касест, ки бо тамоми вуҷуд нолаву шайдои маъшуқаи рӯҳонӣ бошад». Дар мероси манзуми шоир бисёр ғазалҳое ҳастанд, ки на ба равияи Ҳофиз на ба равияи Бедил ё ягон шоири дигар, балки ба тарзи хоси худи Мазмун навишта шудаанд. Ин сабки хосаи Мазмун дар инкишофи назми он давр таъсири калони мусбат гузошт. Ин роҳ ҳиссиёти бузурги лирикиро эҳсосоти ишқи инсониро ба воситаи санъати баланди бадеӣ ба як соддагии зебо адо кардан буд. Албатта, шоир дар ин роҳ аз санъатҳои анъанавию классикӣ берун нарафтааст, аммо ин ифодаи санъатҳо хеле равшан ва воқеӣ ҳастанд ва аз эҳсоси саршори ишқи инсонӣ манщаъ гирифтаанд. Ин тарзи гуфтор дар ғазалҳои ӯ як навъ дигаргунӣ бахшидаанд. Аз ҳамин сабаб ғазалҳои Мазмун ӯро ба рӯҳияи мазмунҳои шикваомезу танқидӣ, ахлоқию тарбиявӣ хеле ҳамоханг гардонидааст. Барои нишон додани сабку услуби чунин ғазалҳо як ғазали ӯро дида мебароем.
Як ҷилва намо, маҳви тамошои ту гардем,
Бехуд шудаву волаи шайдои ту гардем.
Баргир ниқоб аз рухат, эй дилбари раъно,
Бинем туро, маҳви саропои ту гардем.
Навмед магардон, ки зи уммедбаронем,
Ин умр чунон сарф зи савдои ту гардем.
Халқон ба уммед ба кӯи ту нишаста,
Мо ҳам, ки чунон дил ба таманнои ту гардем.
Рӯзе бувад оянд муҳиббони ту ногоҳ,
Мо низ ба гирди сари савдои ту гардем.
Вақте ки намудӣ назари лутф ба Мазмун,
Таҳрири баён, назм ба иншои ту гардем!
Ин ғазал, ки иборат аз 7 байт аст, ба ҳамин сабку услуб навишта шудааст. Дар ин ҷо як ҳиссиёт ва ҳаячони пӯршури ошиқона ба суханҳои сода, аммо таъсирангезе ифода ёфтааст, ҳамчун як қувваи ҷозибае эҳсоси ҳар хонандаро тез ба худ мекашад.
Мазмун ғайр аз он ки дар ғазалҳои ошиқонааш як оҳанги шӯху мутоибаомезе дохил намудааст, мувофиқи ҳамин оҳанг дар ғазалҳояш баъзе ихтироъкориҳо дида мешавад.
Яке аз ихтироъкориҳое, ба сабку услуби Мазмун хос аст, ин аз исм феъл сохтанҳои ӯ дар ғазалҳояш мебошад. Ин ихтирооти Мазмун бо мундариҷаи шеъри вай вобастагии қавие дорад, аммо хеле бамавқеъ сохта шудаанд, ғазалҳои ба ин тарз эҷод шуда бо оҳанги шӯх зарофати ашъори лирикии ӯро тақвият медоданд, чунончӣ:
То ишқи ту дил ба ҳамнишин аст,
Пурзавқ дили мани ҳазин аст
Меҳри ту бувад даруни ҷонам,
Чун нақш ба синаам нигин аст.
Аз талхии ишқи ту чашидам,
Ширин зи шакар, зи ангубин аст.
Бурда дилу дин нигори навхат,
Бо шавқу ба нозат офарин аст.
Дар боғи дилам ниҳоли қаддат,
Бикшода, чунончӣ дилнишин аст.
Ҳамдам ту мапурс з-он дилоро,
Маҳ пеши рухаш чу хӯшачин аст.
Аз ҳусни накӯи ӯ чӣ гӯям,
Хуршедлиқои маҳҷабин аст.
Ҷону дили ман нисори ӯ бод,
Биллаҳ ба Худо, ки нозанин аст.
Мазмун ту аҳад ба Каъба ҷон боз,
Дон расми сулуки ишқ ин аст.
Мазмун дар тасвир ва тараннуми эҳсосоти ишқ дар изҳори ҳаяҷони ошиқ, дарди фироғи ҳиҷрон ва шодиву хурсандиҳои лаҳзаҳои висол дар тасвири зебоӣ ва ҳусни зоҳириву ботинии маҳбубааш аз шоирони барҷастатарин ва пуршӯртарини замони худ буд. Шеърҳои ӯ дар шароити гуногун, дар ҳолатҳои гуногуни рӯҳӣ, дар лаҳзаҳои талху ширин, дар яъсу нокомӣ ва шодиву хурсандӣ иншо шудааст. Аз ин сабаб дар ғазалҳои Мазмун мавзӯъ ва оҳангҳои гуногун, ихтилофи назар ва фикру ақоиди ӯро низ мебинем. Дар қисми зиёди ашъори Мазмун махсусан дар ғазалиёташ мо эҳсоси фараҳангези ишқ ва ҳиссиёти некбинонаи ошиқ дучор меоем. Дар ин ҷо шоир лаҳзаҳои висоли ёр, лаззати ишқи нашъаангез ва шодиву хурсандии ошиқи комёбро тасвир мекунад. Лирикаи Мазмун сермавзӯъ ва домани ҳар мавзӯъ басе фароху кушод аст. Дар лирикаи шоир авзои замони пурошӯб, зиддиятҳои ҷамъиятӣ, муборизаи аҳлу ноаҳл, ақлу чаҳл, илму дин некию бадӣ ва шодии андӯҳ дар шакли услуби хосӣ Мазмун акс ёфтааст. Дар бисёр ғазалҳои шоир чунин шӯридахотирӣ ва афкори зидди замонавӣ бо таъбирот ва кинояҳои сермаънии тунду тези нишонрас истифода меёбанд. Дар баробари ин ғазалҳое низ ҳастанд, ки вазъи нохуши замони шоир ва кирдорҳои хунуки замонадоронро бепарда инъикос менамоянд. Масалан, ҳамин ки ғазалҳои «Дилбари номеҳрубон доим дилам хун мекунад», «Кошкӣ як назари марҳамат аз ёр шавад», «Намехохам касеро чанд бо ман ҳамнишин гардад», «Ба сина ишқи ҷонсӯзаш шарар бар ҷони ман мезад» ва амсоли инҳо ба мутолиа расиданд, мазмуни зидди замонавӣ ва эътирози шоири инсонпарвару ҳаётдуст ба осонӣ дарк мешавад. Чунин аст фошгӯи Мазмун дар ҳаққи айёми бесару сомон, бераҳму шавқат ва пуршӯри шари феодалии асри ХY11 ва ибтидои асри ХY111 мебошад. Мазмун ҳаёти замонро ҳамчун аёну моҳияти ҳастии одам гаштаву баргашта тараннум намуда парда аз рӯи дасисаҳои тақвою тақводорӣ, зуҳду зуҳдфурӯшӣ ва риёкории авомфиребиии зумраи ҷоҳилон мебардорад. Шоир назарфиребии ҳарзагӯйро сахт музаммат намудааст.
Мазмуни Зарободӣ таронасаройи бузурги ишқи ҷавонӣ, ишқи зебоӣ табиати дилрабо ва хушдилию хушҳолии олами поктинат аст. Ӯ дар ин бобат ошиқи гузарост ва гуфти худаш ба ишқ варзидан шуҳрат дорад. Монанди «Кош он ёри сафаркарда биёяд бинам», «Ай маҳчабину сарви нозам». Ба ёди чашми масти дилбари номехрубон мирам», «Аз дарди ишқ дар дили шабҳо гиристам» ва ғайра даҳҳо балки садҳо ғазали Мазмунро мутолиа мекунед, ки ин шоири сеҳрбаён ба чӣ табъи равону оҳанги хуш ғазал мегӯяд, чи навҳаҳои рангин меорояд ва онҳоро ҷавоҳироти маънӣ ҳотамкорӣ мекунад. Баҳои чунин санъати олии шоири номиро танҳо ба гуфтаи худи ӯ ифода кардан мумкин аст:
Бо ҳар ки дил ба оташи ишқу муҳаббат аст.
Мазмун чунон бисӯхт, ки дуди шарар гузашт.
Дар воқеъ аз равонӣ, хушоҳангии мусиқӣ, содагии забон ва самимияти ғазалҳои ошиқонаи Мазмун мисли ғазали зерин, кас беандоза кайфияту ҳаловат мебарад ва мафтуни зебогиҳои ҳаёт мегардад.
Мо ошиқи рухсори ту аз рӯзи аластем,
Он вақт рухат дида гирифтори ту ҳастем.
Меҳри рухи моҳи ту ниҳон буд ба сина,
Мо рӯзи азал аҳди муҳаббат ба ту бастем.
Аз бодаи ишқи ту чунон нӯш намуда,
Саргарми майи ишқи ту мастем, ки ҳастем.
Меҳри ту чунон бар дили девонаи ошиқ,
То рӯзи ҷазо волаву шайдои ту ҳастем.
Кардӣ назари марҳамату лутф ба Мазмун,
Бехуд шуда аз як нигаҳи масти ту мастем.
Чашми ҷаҳонбин, ақли расо ва дили эҳсоси шоир эҳсосоти бепоёни саршори муҳаббати одамиро ифода карда, фикри касро ба дуруст дарк намудани моҳияти дунёи моддию маънавии одамизод ва зебогии одам мутаваҷҷеҳ месозад.
Барои исботи ин иддао далел аз Мазмун бисёр аст.
Вале мо ҳоло чун намуна ҳамин як байти лирикии шоирро, ки эҳсосоти бепоёни саршори муҳаббати одамиро ифода менамояд ва то чӣ андоза санъат, нафосат ва маънии латиф дорад, дида мебароем:
Муждаи омаданат ҳар нафасам меояд,
Бӯи мушкини ту аз хору хасам меояд.
Иштиёқе, ки ба дидори ту дорам, эй дӯст,
Ҳусни хуршеди ту бинам, ҳавасам меояд.
Дар лирикаи Мазмун дар симои лирикӣ худи шоир зоҳир мегардад, ки ӯ шахсест ниҳоят муассир ҷонсупор, вафодор, ҳаётдӯст, барои ӯ ҷуз ёр каси дигар вучуд надорад. Дар ғазалҳои Мазмун тақлиди классикии манзараи табиат ва лавҳанигории мухтасари айёми баҳорон ва вазъиятҳои гуногун дорои мавқеъ ва аҳамияти махсус мебошад. Аз ин рӯ, гулу лола, сарву суман сабо, насими шамол, булбулу қумрӣ ‟ ҳама ба одам ба ошиқу маъшуқ ва ба ҳам наздиканд. Чунончи дар ин порча, ки ишқу ҷавонӣ тараннум меёбад чунин хусусиятро дидан мумкин аст.
Дӯш гул дидаму рухсори ту ёдам омад,
Булбулу гул зи гирифтори ту ёдам омад
Бо тамошои чаман рафтаму наргис дидам,
Дарзамон наргиси хуммори ту ёдам омад.
Шоир пас аз тасвири лаҳзаҳои зебоии табиат баҳор аз ноаён гузаштани ин фасли сол хабардор менамояд, ки хонандаро ба андеша водор месозад.
Ташнакомам ҷуръае мехоҳам аз лутфи карим,
Кош баҳре лаб занад бар сӯи ман дарёи ишқ.
Гар Зулайхоро набуда ишқи Юсуф бар сараш,
Аз маломат ҷо гирифта бар дилаш ғамҳои ишқ.
Шоир дар шуъри зерин хонандаро ҳушдор менамояд, ки ба қадри ҳар як лаҳзаи умр расад ва онро пурсамар гузаронад:
Дареғ, не гулу не булбули чаман монад,
Дило, ту зери куҳандорро тамошо кун.
Ба ғайри хоки дари ҷовидон намемонад,
Ба ёд рафт гулу хорро тамошо кун.
Баҳори дидаи Мазмун на бехазон бошад,
Ҳузури оқибати корро тамошо кун.
Дар ғазалҳои Мазмун ғояи ишқ ба пояи фалсафӣ бардошта шуда бошад ҳам, балки дар он оҳангҳои иҷтимоӣ низ инъикос ёфтаанд.
Тамоми риштаҳои зиндагӣ инъикоскунандаи ҳаёти шахсии шоирро фаро мегирад, ки дар он ҳам зиндагонии шахсӣ ва ҳам муҳити шоир, дар ғазалҳои шоир тасвир гардидааст. Шоир аз гузаштани умри хеш аз гузашти ноаёни давраи ҷавонӣ гиламанд буда, хонандаро водор месозад, ки ба қадри ҳар лаҳзаи умри хеш расад.
Ба сони барқу боде рафт умри бемадори ман,
Ба ғафлат сарф шуд, лекин ҳама лайлу наҳори ман.
Дами пирӣ илоҷи чораи корам намедонам,
Дареғо, рафт айёми шубоби навбаҳори ман.
Гарчанде ки ин як ғазали одӣ намояд ҳам, шоир тавонистааст бо ин тасвири фалсафии худ ҳақиқати ҳаёту зиндагиашро нишон диҳад.
Чи тавре ки мураттиби китоби шоир Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ моҳияти ғазалҳои ӯро шарҳ додаст. «Шоир ғазалро содаву самимӣ мегӯяд. Дар ғазалиёти ӯ ҳаёти иҷтимоии дур аз маркази замонаш бо тамоми ҳастӣ аксандоз аст».
Аз ин андешаҳои мунаққид чунин бармеояд, ки Мазмун дар эҷодиёти ғазал маҳорати баланди шоирӣ дошта дар эҷодиёти худ анъанаи ғании ғазалнависони гузаштаро аз қабили Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Саноӣ, Аттор барин суханварони бузургро мавриди пайравӣ қарор додаст. Вожаи ишқ ва муродифҳои он дар ғазалиёти шоир бо тамоми тобишҳои маъноӣ ба ҷилва омадаанд.
Адабиёт:
- Мазмуни Зарободӣ. Гузидаи ғазалиёт, таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва тавзеҳоти Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. Душанбе, «Сурушан», 2002.
- Шерозӣ Ҳ. Девони ғазалиёт. Душанбе, «Ирфон», 1985.
- Маҳмадшоҳ Маҳмадшоев. Тазкираи шоирони Зарафшон. Хуҷанд, 2010. с. 22