Skip To Main Content

Зиндагинома

Тасвири Мазмуни Зарободӣ
Тасвири Мазмуни Зарободӣ

Мулло Юсуф мутахаллис ба Мазмуни Зарободӣ соли 1774 дар деҳаи Зерободи водии Фалғар (имрӯза ноҳияи Айнӣ-М.М.) таваллуд шудааст. Номи падараш Пирмуҳаммад буда, аз рӯи нақли мӯсафедони диёр гузаштагони дури шоир аз водии Фарғона омадаанд. Онҳо аз дасти зулми ҳокимон ба дод омада, ба кӯҳистон фирор намудаанд. Пешаи асосии гузаштагони шоир муҳандиси соҳаи об буда, эшон бо ин ҳунари худ бисёр деҳаҳои Фалғарро аз об таъмин намудаанд.

Даврони кӯдакӣ, наврасӣ ва камолоти Мазмун дар зодгоҳаш зери навозиши падар гузашта, саводи ибтидоиро аз устодони маҳаллӣ гирифтааст. Мазмун ба ҳунари авлодиаш меҳр дошта бо ин касбаш мушкилоти мардумро осон менамуд. Тибқи ахбори мардуми диёр ҷӯи калони деҳа бо сарвариву роҳнамоии шоир бунёд шудааст. Шоир муддате дар шаҳрҳои Самарқанду Хуқанд таҳсили илм намуда, боз ба ватан бармегардад ва то охири умр ба пешаи деҳқонӣ машғул мешавад. Ӯро ҳамчун марди фӯрутану ботамкин, илмдӯст, хушрафтору маҳфилоро, озодаву суфимашраб сифат менамоянд. Мувофиқи нақли мардум бо ин рафтори шоиста домоди мири Масчоҳ Мулло Надирбоқӣ мешавад. Соҳиби 4 писар: Боронбой, Мулллоашӯр, Муллозокир, Муллоисмоил мегардад. Фарзандонаш бо ҳунари авлодӣ рӯз мегузарониданд ва вақтҳои холигии худро сарфи омӯзиш менамуданд. Имрӯзҳо наберагони шоир дар қайди ҳаёт буда, ба касбу кори гуногун машғуланд.

Мазмун додари шоирпешае бо номи Муллоёқуб дошт, ки бо тахаллуси Фикрӣ ашъор суруда. Ӯ низ дар Самарқанд таҳсил карда, соҳибдевон мебошад. Девони ашъораш дар дасти ҳамдиёронаш маҳфуз аст.

Шоир соли 1815 дар деҳаи Зеробод аз олами ҳастӣ чашм пӯшидааст. Марқадаш дар қабристони умумии диёр буда, зиёратгоҳи аҳли маърифат маҳсуб мешавад.

Роҷеъ ба рӯзгору осори шоир дар ҳеч як сарчашмаи адабиву таърихӣ ва ҷунгу баёзҳо маълумот нест. Нусхаи девони шоир тавассути ҳамдиёраш Абдухаллоқи Ниёзӣ ба дасти адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнонов расид ва соли 2002 бо кӯшиши Алии Муҳаммадии Хуросонӣ чоп карда шуд. Мувофиқи ахбори Абдухаллоқ ин нусха аз дасти пайванди шоир Икромиддин Насриддинов дар солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ гирифта шудааст. Нусхаи мукаммалтараш аз дасти Муллоюсуф Назаров, ки аз табори шоир аст, пайдо гардид. Соли китобат шудани нусхаи дастнавис ва котиби он аниқ нест. Тибқи нақли мӯсафедони диёр гӯё девонро яке аз дӯстдорони каломи ноб Муллодӯсти Ремонӣ, ки худ низ соҳиби хату савод будааст, нусхабардорӣ намуда.

Аз Мазмуни Зерободӣ то ба имрӯз 251 ғазал ба хатти кириллӣ чоп шудааст, ки он 1700 байтро ташкил медиҳад.

Ошиқи рӯи ту Мазмуни Зарободӣ шуда,

Нигаҳат кош ба Мазмуни Заробод шавад.


Ман аз ишқи бути сангиндилу симинбадан мирам,

Ман аз меҳри рухи моҳпайкари нозукбадан мирам.

Чунон дил меравад дар орзуи он лаби ширин,

Ки чун Фарҳод резам хуну ҳамчун Кӯҳкан мирам.

Басо тутисифат мекард аз нутқаш шакаррезӣ,

Ба тарзи ин такаллумҳои он шириндаҳан мирам.

Зулайхо зери лаб оҳиста бо худ рози дил гуфтӣ,

Ман аз ишқи нигори Юсуфи гулпироҳан мирам.

Бирав ай ҳамнишин пандам мадеҳ аз ишқ чун гирям,

Ки Мазмун аз фироқаш лоласон байни кафан мирам.


Мо ошиқи рухсори ту аз рӯзи аластем,

Он вақт рухат дида гирифтори ту ҳастем.

Меҳри рухи моҳи ту ниҳон буд ба сина,

Мо рӯзи азал аҳди муҳаббат ба ту бастем.

Аз бодаи ишқи ту чунон нӯш намуда,

Саргарми майи ишқи ту мастем, ки ҳастем.

Меҳри ту чунон бар дили девонаи ошиқ,

То рӯзи ҷазо волаву шайдои ту ҳастем.

Кардӣ назари марҳамату лутф ба Мазмун,

Бехуд шуда аз як нигаҳи масти ту мастем.

Аз китоби"Маҳмадшоев, Маҳмадшо. Тазкираи шоирони Зарафшон. Хуҷанд. - 2010"