Зи ҳар кӣ номи ту маҳбуб чанд бишнида
Зи ҳар кӣ номи ту маҳбуб чанд бишнида,
Қарору сабр зи дил рафту ашк аз дида.
Зи меҳри рӯи ту ҳаргиз намешикебад дил,
Чунончи орази моҳи рухат накӯ дида.
Марост хуни ҷигар бе ту бар сари мижгон,
Чаро, ки домани нозат бирафтаӣ чида.
Чунон фусус ба дил монд, мехурам афсӯс,
Зи остини кафи соъидат набӯсида.
Илоҳӣ кам нашавад меҳрат аз дили Мазмун,
Ки то қабош бо миқрози марг бубрида!