Skip To Main Content

Вақте ба назар рӯи накӯ ёр намуда

Вақте ба назар рӯи накӯ ёр намуда,

Якборагӣ ақлу дилу дин ҷумла рабуда.

Хуршедсифат шӯъла зада ҳусни рухи ӯ,

Он партави рухсор, ки буд, ҷумла намуда.

Ором зи дил бурда, чунон сабру таҳаммул,

Он вақт ба сӯям нигаҳи дида кушуда.

То дид ҳамон ҳусни рухи дилбари раъно,

Хоб аз сари ман рафтаву чашмам нағунуда.

Юсуф чӣ кунад пеши рухаш даъвии хубӣ,

Таслим ба он рӯи накӯяш ҳама буда.

Аз лутфу карам як назари марҳамате кун,

Ай моҳ, ниқоб аз рухи зебо накушуда.

Ушшоқ рухаш дида зи ҳайрат шуда бехуд,

Мегуфт: - Ба ҷуз ӯ на накӯ рӯи ту дида.

Шуд марҳамат аз лутфи худованди таъоло,

Он орази зебову рухи моҳ намуда.

Мазмун накунӣ рӯзи ҷазо дӯст фаромӯш,

Ёд ор, ки муштоқу гирифтори ту буда!