Ёр нанмудӣ маро ишқу тану ҷон сӯхтӣ
Ёр нанмудӣ маро ишқу тану ҷон сӯхтӣ,
Дар фироқ афкандию бо доги ҳиҷрон сӯхтӣ.
3-иштиёқи дидани рӯи ту гаштам дилхароб,
Рӯи худ нанмуда моро моҳи тобон, сӯхтӣ.
Ҷилва карда худ бигзаштӣ, накардӣ як нигоҳ,
Марҳамат, лутфе накардӣ шоҳи хубон, сӯхтӣ.
Чун саҳоби навбаҳорон ашк мерезам ба хок,
Ҳар нафас аз фурқатат бо чашми гирён сӯхтӣ.
Ашк - хуноби ҷигар, аз дида меояд бурун,
Синаам дар оташи ғам карда бирён сӯхтй.
Ҳусни хурщедат зиё, ҷоно, зи Меҳру Маҳ рабуд,
Менадонам, ҳури ғилмонӣ, маро ҷон сӯхтй.
Аз шукӯҳи хирмани ҳуснат шудам, Мазмун, хароб,
Карда тороҷи дилу динам, ки аъён сӯхтӣ!