Гарду бодам, ба суроғи ту на ором басе
Гарду бодам, ба суроғи ту на ором басе,
Мехурам силии хошок зи ҳар хору хасе.
Меравам гирди ҷаҳон, лек чунон бесару по,
Муждаи васли ту лекин нашунидам зи касе.
Дил ба савдои фироқи ту гирифтор шуда,
Ҳамчу ман дар талаби туст саросема басе.
Дур афтода чунон зор ба ғам менолам,
Монда бо нолаву фарёду фиғон чун ҷарасе.
Тири пайкони ту аз сина ҳанӯзам нагузашт,
Мерасад захми ҷафоҳои ту аз пешу пасе.
Лек аз гуфтани номи ту хушам, дилшодам,
Шукрлиллаҳ, ки маро ном бувад ҳамнафасе.
Дам фурӯ бурда чунон мӯҳри хамӯшӣ бар лаб,
Бо умеди рухи моҳи ту барорам нафасе.
Чӣ шавад худ рухи хуршед намоӣ,бинам,
Ғайр аз дидани рӯи ту надорам ҳавасе.
Андалебвор ба шавқи гули рӯят, Мазмун,
Мурғи рӯҳам равад аз тан, тиҳӣ монад қафасе!