Маҳи ман, биё, ки бинам, ба рухат кунам назора
Маҳи ман, биё, ки бинам, ба рухат кунам назора,
Ки намонд сабру тоқат, дили хаста чоку пора.
Чу саҳоби навбаҳорон бувад ашки чашм борон,
На ки масту ҳушёрон, ба рухи ман обшора.
Ду ҷаҳон ба сур ояд зи фиғону нолаи ман,
Накунад туро сироят, дили ту чу санги хора.
Ки бисӯхт бе ту ҷонам, ҳама мағзи устухонам,
Шуда дил танӯри оташ, зада ҳар тараф шарора.
Ки зи шом то ба субҳе назадам ду дида бо ҳам,
Бо хаёли рӯи мбҳат шуда мунтазир сигора.
Ҳама дӯстон ба айшанду нишоту комронӣ,
Ману дур монда аз ту биншастаам канора.
Ба ҳазор дарду ҳасрат ба фироқи ту бисӯзам,
Нанамудӣ то бубинам рухи моҳи гулъизора.
Ба умеди дидани ту набувад Қарор Мазмун,
Шабу рӯз бо хаёлат шуда корам истихора!