Кошкӣ орад насимам шаммае аз кӯи ту
Кошкӣ орад насимам шаммае аз кӯи ту,
То димоги ҷон муъаттар гардад аз хуш бӯи ту.
Ман набошам лоиқи дидан, куҷо бинам туро,
Сад ҳазорон ҳамчу ман муштоқи дидан рӯи ту.
Офтоби ҳусни рӯят, ҳайф, бар рӯяш натофт,
Ай хуш он вақте, ки хирман карда моҳи рӯи ту.
Аз ғами нодиданат ҷоне ба ҳасрат меравам,
Ёди айёме, ки мебинам ман аз ҳар сӯи ту.
Дил асири ҷилваҳои чашми махмури ту буд,
Сайд карда ошиқонро наргиси ҷодуи ту.
Кош дар вақти намоз ойӣ, ки бинам рӯ ба рӯ,
Саҷда орам дар хами меҳроби ду абрӯи ту.
3-иштиёқи рӯи ту ин ҷони муштоқам ба лаб,
Меравад ҳушам ба ёди қомати дилҷӯи ту.
В-аз муҳаббат меҳри ишқат буд пинҳон бар дилам,
Риштаҳои ҷони ман гӯё сари ҳар мӯи ту.
Гар набинам партави рӯят ба гам ҷон медиҳам
3-он ба ҳасрат меравад Мазмун зи бими рӯи ту!