Skip To Main Content

Гирифторам ба шӯхи навхати маъшуқи ҷонкоҳе

Гирифторам ба шӯхи навхати маъшуқи ҷонкоҳе,

Ба қад сарву ба ораз гул, ба рӯ сунбул, ба рух моҳе.

Намуда шӯълаи рухсори оташнокро бо ман,

Нагашта соате сокин, кашам бо ёди ӯ оҳе.

Дареғо, барқу боде ҷилва карда рафт аз дида,

Ба фикри дидани ӯ истихора мекунам гоҳе.

Куҷо он гулрухам ояд, ки як бори дигар бинам,

Ба завқи меҳри рӯяш ҷон диҳам, бинам пари коҳе.

Зи меҳри ишқи он маҳбуби гулрухсор мегирям,

Ба савдои хаёлаш рафта ҳар сӯ, гашта ҳар ҷоҳе.

Ба ёди он накӯрӯ хоб рафта аз бари чашмам,

Ҳамеша дидаи бедор дорам дидани моҳе.

Макун таклиф бо ман ҳамнишин базми ҳарифонро,

Ки Мазмун, ҷон диҳам бар ёди ӯ дар гӯша(й) танҳоӣ!