Skip To Main Content

Гузашта умр ба ғафлат нашуд ба огоҳӣ

Гузашта умр ба ғафлат нашуд ба огоҳӣ,

Абас ба саъйи хате сарф шуд ба гумроҳӣ.

Ба фикру суду зиён умр ройгон рафта,

Зи дида ашки надомат насохтам роҳӣ.

Ба хору хас назадам паҳлу, зикри Ҳақ гӯям,

Ки буд меҳнати он беҳ зи роҳати шоҳӣ.

Аҷал расида, гиребон гирифта, сад ҳайфо,

Ба васли ӯ нарасидам зи дасткӯтоҳӣ.

На тоъату на ибодат, на бандагӣ карда,

Ҷавоб чӣ гуна диҳам Ҳақ, ту бандагӣ хоҳӣ?!

Ба ғайри ман набувад рӯсияҳ дар ин олам,

Сафед карда, илоҳӣ, ба сӯи худ хоҳӣ.

Ҳамеша пунбаи ғафлат ба гӯши Мазмун буд,

Ҳама ба зикри ту машғул, Моҳ то Моҳӣ!